Муҳокимаи масъалаи мубориза бо ДИИШ ва масъалаи гурезаҳо дар саммити G20
Душанбе, 16.11.15. (АМИТ «Ховар»). — 15 ноябр дар шаҳраки Белеки музофоти Анталияи Туркия ҳамоиши роҳбарони кишварҳои «Бистгонаи бузург» ба кораш шурӯъ намуд, ки ду рӯз идома меёбад.
Бинобар воқеаҳои Париж чораҳои бесобиқа дида шудаанд. Мубориза бо терроризми ҷаҳонӣ ва муқовимат ба ДИИШ яке аз мавзӯъҳои асосие мегардад, ки онҳоро роҳбарони «Бистгонаи бузург» мавриди муҳокима қарор медиҳанд.
G20 барои муҳокимаи масоили ҳамкории молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ форуми асосӣ ба шумор рафта, иқтисодиёти калонтарини мутараққӣ ва тараққиёбандаи ҷаҳонро дар бар мегирад, ки қариб 85 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷаҳон ба он рост меояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд






