Мулоқоти директори АНМН бо намояндагони СММ
Душанбе, 26.11.2015 (АМИТ «Ховар»).- 25 ноябри соли 2015 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ вохӯрии директори агентӣ Рустам Назарзода бо мушовири калон оид ба масъалаҳои сиёсӣ, сардори гурӯҳ оид ба масъалаҳои Осиёи Марказӣ ва Халиҷи форси Департаменти сиёсии СММ В.Поляков ва мушовир оид ба корҳои сулҳ ва рушди Дафтари ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон О. Просик баргузор гардид.
Директори агентӣ дар бораи вазъи баамаломада вобаста ба маводи нашъаовар дар Тоҷикистон ва ҳамчунин дар Афғонистон маълумот дод. В. Поляков ба вазъи баамаломада дар вилоятҳои шимолии Афғонистон ва фаъол гаштани гуруҳҳои алоҳидаи террористӣ мароқ зоҳир намуд.
Директори агентӣ дар бораи ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ бо мақомоти ваколатдори Афғонистон дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, инчунин оид ба тадбирҳои андешидашуда аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон дар соҳаи назорати маводи нашъаовар, фаъолияти агентӣ, комёбиҳо ва дурнамои рушд муфассал нақл намуд.
Дар анҷоми вохӯрӣ меҳмонон аз анбори нигоҳдории маводи нашъаовар, тавқифгоҳ ва бухории махсус барои сӯзондани маводи нашъаовар дидан карданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






