Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби президенти Бонки Умумиҷаҳонӣ оид ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллер
Душанбе, 09.11.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ноиби президенти Бонки Умумиҷаҳонӣ оид ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллерро, ки бо нахустин сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот доираи васеи масъалаҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои муштараки Тоҷикистон бо Бонки Умумиҷаҳонӣ баррасӣ гардид.
Эмомалӣ Раҳмон дар оғози сӯҳбат Сирил Мюллерро барои ба вазифаи пурмасъулият — ноиби Президенти бонк таъин шуданаш, табрик намуда, вохӯрии имрӯзаро иқдоми муҳим дар таҳкими ҳамкорӣ байни Тоҷикистон бо ин ташкилоти бонуфузи молиявӣ арзёбӣ кард.
Сарвари давлат таъкид намуд, ки “Мо ба фаъолияти Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон баҳои баланд медиҳем, зеро дастгирии онро дар самтҳои мухталифи рушд, пеш аз ҳама дар соҳаҳои энергетика, инфрасохтор, кишоварзӣ, дастгирии буҷети давлатӣ, соҳаҳои иҷтимоӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок эҳсос менамоем”.
Сирил Мюллер аз имкони вохӯрӣ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори хушнудӣ карда, аз ҷумла таъкид дошт: «Мо аз мушкилоту эҳтиёҷоти Тоҷикистон, аз ҷумла хисороте, ки дар натиҷаи рӯх додани офатҳои табиӣ ба вуҷуд омад хуб огоҳӣ дорем ва Бонки умумиҷаҳонӣ омода аст, ки ҳамкории худро бо кишвари шумо тавсиа бахшад».
Зимни мулоқот доир ба роҳҳои татбиқи босамари Стратегияи нави ҳамкории Бонки Ҷаҳонӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2015-2018, ки ҷудо намудани 250 миллион доллари амрикоиро, асосан дар шакли грант дар назар дорад, гуфтугӯйи созанда сурат гирифт.
Таваҷҷӯҳи асосӣ ба ҷалби сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон, ҷудо кардани қарзҳои имтиёзнок, грантҳо, кӯмакҳои техникӣ, ҳамкорӣ дар самти амалисозии лоиҳаҳои хурду бузург, нақлиёт, идораи давлатӣ ва сиёсати иқтисодӣ, обтаъминкунӣ, бахши хусусӣ, тандурустӣ, маориф ва ҳифзи иҷтимоӣ равона карда шуд.
Таҳияи лоиҳаҳои пешгирикунандаи офатҳои табиӣ, ҷалби маблағҳои иловагӣ барои барқарорсозӣ ва соҳилбандии дарёҳои Тоҷикистон зарур шумурда шуд.
Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба татбиқи лоиҳаи хатти барқии CASA-1000 ва дигар лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ сурат гирифт.
Зимни гуфтугӯйи пурмӯҳтаво ҷонибҳо ҳавасмандии худро баҳри таҳкиму густариши бештари ҳамкориҳо таъкид намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






