Мулоқоти Марҳабо Ҷабборӣ бо Динара Джолдошева
Душанбе, 20.11.2015. (АМИТ “Ховар”). -Имрўз муовини Сарвазири мамлакат Марҳабо Ҷабборӣ бо иҷрокунандаи вазифаи Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Динара Джолдошева мулоқот кард.
Дар мулоқот асосан масоили марбут ба ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаҳои иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҷонибҳо ба таври мушаххас доир ба беҳтарсозии бозори кор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби бештари аҳолӣ, хусусан занону духтарон ба шуғли доимӣ бо роҳи ташкили ҷойҳои корӣ ва дар маҷмӯъ, вобаста ба дарёфти роҳу усулҳои наву воқеии ташкили ҷойҳои кори доимӣ табодули афкор намуданд.
Тавре ки таъкид гардид, ҷониби Тоҷикистон хостгори тақвияти ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти ташкили ҷойҳои нави корӣ аст ва дар ин самт ҳамоҳангсозии фаъолият ва табодули таҷрибаи коршиносону мутахассисони бонкро бо намояндагони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат дастгирӣ менамояд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






