Мулоқоти Марҳабо Ҷабборӣ бо Лучиа Элми
Душанбе, 5.11.2015. (АМИТ «Ховар»).- 4-уми ноябр муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ бо роҳбари Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Лучиа Элми мулоқот кард. Дар мулоқот масъалаҳои марбут ба дурнамои «Барномаи нави кишварии Хазинаи Кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Марҳабо Ҷабборӣ баргузории ин мулоқотро дар даврае, ки амали Барномаи қаблии кишварӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015 дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад, муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ карда, аз нақши Хазинаи Кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон вобаста ба ҳалли масоили марбут ба ҳуқуқи кӯдакон изҳори қаноатмандӣ намуд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






