Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Фан Сянжун
Душанбе, 12.11.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фан Сянжун мулоқот кард.
Қоҳир Расулзода дар оғози мулоқот ба Фан Сянжун, ки муҳлати ваколати дипломатияш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расидааст, барои фаъолияти пурмаҳсули дипломатӣ дар кишвари мо сипосу минатдорӣ баён кард.
Ҷонибҳо аснои суҳбат масоили марбут ба вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи байниҳукуматӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, саноат, энергетика, нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ ва бахшҳои муҳими соҳаи иҷтимоиётро мавриди баррасӣ қарор доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд






