Мулоқоти Президент бо Ноиби аввали Президенти ширкати Тотал Майкл Боррел
Душанбе, 30.11.2015. (АМИТ «Ховар»). — Шоми 29 ноябр дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Франсия дар ҳошияи Конфронси 21 — уми Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Ноиби аввали Президенти ширкати Тотал Майкл Боррел мулоқот кард.
Дар ҷараёни мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо ин ширкат баррасӣ шуд.
Президенти Ҷумҳурии Точикистон дар оғози суҳбат оид ба имкони фарохи ҳамкорӣ бо соҳибкорону сармоягузорон ва ширкатҳои хориҷӣ дар самти ба роҳ мондани корҳои геологию ҷустуҷӯӣ ва истихроҷу коркарди нафту газ ва содироти захираҳои он ибрози андеша кард.
Ҷонибҳо бо дарназардошти имкониятҳои мазкур таъкид намуданд, ки ҳамаи ин тадбирҳо боиси натиҷаҳои мушаххас дар рушди бахши нафту гази Тоҷикистон хоҳад шуд.
Инчунин оид ба имкониятҳои дигари сармоягузорӣ ба бахшҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои ояндадори Тоҷикистон, аз ҷумла дар бахшҳои саноат, истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, истеҳсол ва коркарду содироти маҳсулот таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






