Муомилоти ғайриқонунии сангҳои қиматбаҳои лаълу ёқути сурх
Душанбе, 07.11.2015. (АМИТ «Ховар»). — 5-уми ноябр, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия сокини 42-солаи шаҳри Душанберо бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии металлҳои қиматбаҳо дастгир карданд. Дар вақти кофтукови шахсӣ аз ӯ 46 дона санги қимматбаҳои сурхчатоб дарёфт ва мусодира шуд. Мувофиқи ташхиси иёргарӣ 35 санги мусодирашуда бо вазни 50,77-грамм ба навъи сангҳои лаъл, 2 санги оддии суфташудаи сурхчатоб бо вазни 3,87 грамм ва 9 санги дигар бо вазни умумии 31,03 грамм ба навъи ёқути сурх мансуб мебошанд.
Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтиш идома дорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






