Нақшаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар Хатлон 99 фоиз иҷро шуд
Душанбе. 3. 11. 2015. (АМИТ «Ховар»).- Аз оғози даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ беш аз як моҳ сипарӣ гардида, дар ин муддат алакай 33 шаҳру навоҳии мамлакат аз иҷрои пурраи нақшаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ гузориш доданд.
Бино ба иттилои котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев, дар ин радиф, иҷрои нақша дар вилояти Суғд 88 фоиз, дар комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳои тобеи марказ 73 фоиз, гарнизони Бадахшон 95 фоиз ва дар чаҳор навоҳии пойтахт дар давоми як моҳи ташкили ин чорабинии муҳими сиёсӣ 86 фоизро ташкил медиҳад.
Ин нишондод дар вилояти Хатлон 99 фоиз мебошад.
Умуман аз 1-уми октябр то аввали моҳи ноябри соли 2015 иҷрои нақша дар ҷумҳурӣ ба 89 фоиз баробар аст.
Хотиррасон мекунем, ки дар даъвати тирамоҳии имсола ҷавонони аз 18 то 27 сола ҷалб гаштаанд. Даъвати тирамоҳӣ 1 октябр оғоз гардида, то 30 ноябр идома хоҳад ёфт.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






