Нақши ҷавонони эҷодкор дар рушду пешрафти ҷомеа
Душанбе, 13. 11. 2015. (АМИТ «Ховар»).- «Нақши ҷавонони эҷодкор дар рушду пешрафти ҷомеа»-таҳти чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки хонандагону роҳбарони марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Қайроққум, Исфара, Конибодом ва Бобоҷон Ғафуров мизи мудаввар баргузор гардид.
Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар мизи гирд оид ба масъалаҳои «Тарбияи хонандагони боистеъдод, лаёқатманд ва эҷодкор», «Инкишофи қобилияти эҷодии хонандагон», «Нақши ҷавонони эҷодкор дар рушду пешрафти ҷомеа», «Самтҳои фаъолияти маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар солҳои минбаъда» ва «Ояндаи Тоҷикистон аз нигоҳи ҷавонони асри ХХI» мубоҳисаҳо сурат гирифта, иштирокдорон пешниҳодҳои худро барои ноил гардидан ба ҳадафҳои «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020» баён намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






