Нақши Конститутсия дар таҳкими ҳокимияти судӣ

Ноябрь 4, 2015 05:44

Душанбе, 4.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-«Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун маҳсули Истиқлолияти давлатӣ инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои онро арзиши олӣ эътироф намуда, ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсонро дахлнопазир дониста, ҳокимияти судиро ҳамчун шохаи алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ-таъминкунандаи ин ҳуқуқҳо ва волоияти қонун муқаррар намуд. Имрӯз аз он сарфарозем, ки маҳз ба тафайли ин падидаи даврони соҳибистиқлолӣ ва бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар баробари таҳкими ҳокимияти судӣ халқи тоҷик ба дастовардҳои азиме дар арсаи байналмилалӣ, Ваҳдати миллӣ, ободии кишвар, худшиносиву худогоҳӣ, шинохти ҷавҳари таърихи Ватан, пос доштани арзишҳои таърихиву фарҳангӣ ноил гашта, зина ба зина бо низом ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ пеш меравад», — иброз намуд раиси Шӯрои адлияи кишвар Муродзода Дӯстмурод Ҳайит дар мизи мудаввар бахшида ба ҷашни 21-умин солгарди Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз дар ин ниҳод баргузор гардид.
Дар ҳамоиш судяҳо ва намояндагони мақомоти судии кишвар иштирок намуда, дар мавзуъҳои «Ташаккули Конститутсия дар таърихи давлатдории тоҷикон», «Нақши Конститутсияи ҶТ дар ташаккули низоми ҳуқуқи мурофиавӣ», «Конститутсияи ҶТ ва такмили қонунгузории ҶТ дар даврони истиқлолият», «Нақши Конститутсия дар таҳкими ҳокимияти судӣ» ва  «Конститутсияи ҶТ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон»  маърӯза намуданд.

Ноябрь 4, 2015 05:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад