Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бахшида ба Рӯзи парчам
Хуҷанд, 23.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Дар маркази Суғд- шаҳри Хуҷанд ба истиқболи Рӯзи Парчам ва ҳамчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои захираи маҳсулоти ниёзи аввала ба фасли зимистон ва таъмини сокинони шаҳр бо маводи ғизоии нисбатан арзон дар майдони «Ситораҳои Хуҷанд» ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гардид.
Кишоварзони ноҳияҳои Ғончӣ, Шаҳристон, Б. Ғафуров, Ҷ. Расулов ва шаҳрҳои Исфараву Истаравшан ба сокинони Хуҷандшаҳр бо нархи назар ба бозорҳои Хуҷанд то 20% арзон маҳсулоти худро пешкаш намуданд. Дар умум, дар намоиш зиёда аз 80 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла 20 тонна картошка, 4 тонна гӯшт, 8 тонна пиёз ва 10 тонна сабзӣ ба фурӯш бароварда шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






