Навоз Шариф: “Покистон омода аст дарвозаи Тоҷикистон ба роҳҳои баҳрии ҷануб бошад”
Душанбе, 12.11.2015 (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз зимни музокироти расмии Эмомалӣ Раҳмон ва Муҳаммад Навоз Шариф дар Покистон доир ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию сармоягузорӣ, тиҷоратӣ, энергетикӣ, дифоъ, амният, илмию техникӣ ва фарҳангӣ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Аз ҷумла таъкид гардид, ки рушди ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика масъалаи меҳварии робитаҳои иқтисодии Тоҷикистону Покистон аст.
Навоз Шариф бинобар норасоии зиёди неруи барқ дар Покистон ба тезонидани корҳо барои кашидани хатти барқи CASA-1000 мароқи зиёд зоҳир намуд.
Тибқи тасмими ду ҷониб дар ояндаи наздик миёни Тоҷикистон ва шаҳрҳои Исломобод, Лоҳур, Қарочӣ, Файсалобод ва Квейтаи Покистон бояд хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ кушода шаванд.
Ба гуфти Навоз Шариф: “Покистон омода аст дарвозаи Тоҷикистон ба роҳҳои баҳрии ҷануб бошад”.
Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки имзои санадҳои нав миёни ду ҷониб, алалхусус дар соҳаҳои иқтисодӣ ва илмиву техникӣ, варзиш, сайёҳӣ, мубориза бар зидди терроризм, амният ва маориф ҷавобгӯи манфиатҳои муштараки мост.
Сохтмони роҳҳои мошингарду оҳан, иштироки ҷониби Покистон дар татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ, сохтмони неругоҳҳои обӣ ва кашидани хатҳои интиқоли барқ, маблағгузории лоиҳаҳои хурду миёнаи саноатӣ дар қаламрави Тоҷикистон ва барқарорсозии парвозҳои мустақим миёни ду кишвар аз соҳаҳои афзалиятноки ҳамкорӣ номида шуданд.
Дар анҷоми мулоқот Эмомалӣ Раҳмон аз Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф даъват намуд, ки дар мавриди муносиб ба Тоҷикистон ташрифи ҷавобии давлатӣ оварад. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд. Навоз Шариф ба иштирок дар маросими оғози кашидани хатти барқи CASA-1000 дар Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ кард.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






