Нишасти гурӯҳи Ҷи-20 чӣ натиҷа дод?

Ноябрь 16, 2015 05:32

Душанбе, 16.11.2015 (АМИТ «Ховар»).- Дар поёни нишасти сарони 20 кишвари дорои иқтисоди бузурги ҷаҳонӣ (Ҷи-20), ки дар Туркия баргузор гардид, иштирокдорон  зимни натиҷагирӣ ва хулосабандӣ  баёнияеро содир карданд, ки чунин аст: 
«Гурӯҳи  байналмилалии ҳимоят аз Сурия» иборат аз иттиҳодияи Араб, Чин, Миср, Иттиҳодияи Аврупо, Фаронса, Олмон, Эрон, Ироқ Итолиё, Урдун, Лубнон, Уммон, Қатар, Русия, Арабистони Саъудӣ, Туркия, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, Англия, Созмони Милал ва Амрико  дар бораи чигунагии тасреи поён додан ба муноқишаи Сурияи музокира карданд.
Ширкаткунандагон ба эҳтироми қурбониёни ҳамлаҳои  террористии 13 ноябр дар Париж ва ҳамлаҳои  ахир дар Бейрут, Ироқ, Анқара ва Миср ин нишастро бо як дақиқаи сукут оғоз карданд.
Аъзои  «Гурӯҳи  байналмилалии ҳимоят аз Сурия»  ба иттифоқи назар, ин ҳамлаҳои  ваҳшиёнаро бар зидди ғайринизомиёни бегуноҳ маҳкум ва бар истодагӣ дар канори мардуми Фаронса таъкид карданд.
Аъзои гурӯҳи   мазкур  ва тамоми аъзои он  бар зарурати поён додан ба ранҷу азияти  мардуми Сурия, хароб гардидани  Сурия, бесуботии  минтақа ва дар натиҷаи он афзоиши ҳузури террористҳо дар ҷанги Сурия таъкид карданд.
 «Гурӯҳи  байналмилалии ҳимоят аз Сурия» бар иртиботи наздик миёни барқарорсозии оташбас ва пайгирӣ кардани  раванди сиёсии баробар бар асоси баёнияи Женева дар соли 2012 ва ин ки ҳар ду ташаббус бояд дар кўтоҳтарин фурсат анҷом шаванд, таъкид  карданд.
Иштирокдорони  нишасти Ҷи-20 барои ҳимоят ва талош барои  як оташбаси фарогир дар Сурия, ҳамзамон бо шурӯи гомҳои ибтидоӣ дар самти интиқоли (кудрати) таҳти назорати Созмони Милал бар асоси баёнияи нишасти Женева ба мувофиқа расиданд. Панҷ  узви доимии Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид тааҳҳуд карданд, ки аз қатъномаи Шўрои Амнияти Созмони Милал барои тавонмандсозии як маъмурияти назорати оташбаси мавриди таъйиди Созмони Милал дар бахшҳои кишвар, ки нозирон дар маърази таҳдиди ҳамлаҳои террористӣ қарор надоранд  ва аз як раванди интиқоли сиёсӣ дар ростои эъломияи Женева ҳимоят кунанд.
Ҳамчунин  тамоми аъзои  «Гурӯҳи байналмилалии ҳимоят аз Сурия» ҳар кадом ба унвони як кишвар ва ҳомиёни тарафҳои даргир ба қарор омаданд, ки  тамоми   иқдомҳои  мумкин ба хотири  водор  сохтани гурӯҳҳо ё   шахсоне, ки  аз онҳо ҳимоят мекунанд ё таҳти нуфузи онҳо буда, ба онҳо таъмини молӣ ё таҷҳизотӣ   мекунанд, онҳоро ба оташбас водор намоянд.
Ин гурўҳ мувофиқа карданд, ки тарафҳо музокираро ба хотири қатъи фаврии истифода аз силоҳҳои ғайридақиқ  таҳти фишор қарор диҳанд.
Ин гурўҳ бар аҳаммияти иҷрои тамоми қатъномаҳои марбут ба Шўрои Амнияти Созмони Милал, аз ҷумла қатъномаи 2199 дар бораи манъи тиҷорати ғайриқонунии нафт, осори бостонӣ ва гаравгонҳо, ки террористон аз онҳо суд мебаранд, аз сари нав таъкид карданд.
Ҳамаи тарафҳои ширкаткунанда дар фароянди сиёсӣ бояд ба усули роҳнамоӣ, ки дар нишасти 30-юми октябр бар сари он мувофиқа гардид, аз  ҷумла паймон ба ваҳдат, истиқлол, тамомияти арзӣ ва моҳияти ғайрифирқаӣ пойбанд бошанд, то ниҳодҳои давлатӣ боқӣ бимонанд. Ва ҳуқуқи ҳамаи мардуми Сурия, новобаста аз миллату мазҳаб ва дину оин, ки ба он вобастаанд, ҳифз шавад.
Аъзои «Гурӯҳи  байналмилалии ҳимоят аз Сурия» бори дигар аз баёнияи Женева- 2012  таъкид карданд.
Бар ин асос аъзо бар ҳимояти худ аз барқарории оташбасе, ки пештар зикр гардид, ҳамчунин раванде, ки  зери назари суриягиҳо дар муддати шаш моҳ барои тадвини  пешнависи Қонуни асосии нав ҷудо шудааст, таъкид карданд. Интихоботи озод ва шаффоф бояд бар асоси қонуни асосии нав то 18 моҳи оянда дар Сурия баргузор шавад.
Ин интихобот бояд зери назари Созмони Милал ва мутобиқ бо болотарин меъёрҳои байналмилалӣ ва шаффоф баргузор шуда, ҳамаи мардуми  Сурия,  аз ҷумла касоне, ки дар хориҷ  аз Сурия ҳастанд, битавонанд дар ин интихобот ширкат кунанд.

 

Ноябрь 16, 2015 05:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Кӯлоб машқҳо ва амалиёти низомӣ доир шуданд
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар таҳкими Артиши миллии Тоҷикистон тавассути омодасозии мутахассисон саҳм мегузорад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзии шаҳри Истаравшан шинос шуд
Беш аз 700 соҳибкори Бадахшон бо дастгоҳи назоратӣ-хазинавӣ таъмин мешавад
«ПАЁМ — РОҲНАМО БАРОИ ИҶРОИ ҲАДАФҲОИ ШОИСТА». Таҳти ин унвон ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор шуд
Дар мақомоти Ваколатдор бахшида ба 32-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир гардид
БӮЙИ БАҲОР МЕРАСАД. Тоҷикистониёнро дар ин фасл чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 17 дараҷа гарм мешавад
Дар қисми низомӣ дар вилояти Суғд Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ бо дастгоҳи муосири ташхиси рентгении рақамӣ (Digital x-ray) таъмин гардид