Нишасти илмӣ оид ба Рўзи Парчами миллӣ дар Маркази исломшиносӣ
Душанбе, 23.11.2015. (АМИТ «Ховар»). -Имрўз кормандони Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати рўзи Парчами миллӣ нишасти илмӣ доир карданд. Дар он таъкид гардид, ки ҷашни парчам дар шумори чорабиниҳои муҳими даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи сазовор дорад. Парчам рамзи ифодакунандаи соҳибистиқлолӣ, пойдории давлати миллӣ, якпорчагӣ, сулҳу субот ва миллати куҳанбунёду бофарҳанг будан аст. Ба муносибати ин ҷашни фархунда сардори Шуъбаи маъхазҳои исломии марказ Сайфулло Муллоҷонов дар мавзўи «Аз дирафши Ковиён то парчами Тоҷикистон» гузориши илмии судманд пешниҳод намуд. Дар ин гузориш нақши миллатсозӣ ва муттаҳидкунандаи дирафши ковиёнӣ барои миллати тоҷик ва тамоми порсигўёни ҷаҳон зикр гардида, ҳамчунон бо далелҳои таърихӣ дар бораи вазъияти ба дасти исломоварон афтодани парчами чармин ва талаву тороҷ гардидани нигинҳои пурқимати дар он насбшуда аз ҷониби арабҳо маълумот дода шуд. Дар баробари сайри таърихии мухтасар баён шуд, ки марҳалаи навини рушди миллати тоҷик дар кори арҷгузории Парчами миллии мо саҳифаҳои тозаеро боз намуд. Парчами мо яке аз парчамҳои бузургтарин ва баландтарини ҷаҳон маҳсуб мешавад, ки дар китоби Гиннес дохил шудааст.
Аҳли нишаст дар тақвияти ин гузориш нақши парчамро дар таҳкими ҳувияти миллӣ ва бунёди давлатдории дунявӣ ба таври мусбату муассир арзёбӣ намуданд, зеро дар таҳия ва интихоби тарҳи ниҳоии он ҳамчун рамзи давлатӣ тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ ширкат кардаанд. Мо бо бовари комил гуфта метавонем, ки Парчами миллии Тоҷикистон тамоми арзишҳо ва дастовардҳои таъриху тамаддуни пешазисломӣ ва баъдиисломии миллати моро ба ваҷҳи некў дар муҳтавои худ таҷассум кардааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






