Нишасти илмӣ оид ба Рўзи Парчами миллӣ дар Маркази исломшиносӣ

Ноябрь 23, 2015 08:30

Душанбе, 23.11.2015. (АМИТ «Ховар»). -Имрўз кормандони Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати рўзи Парчами миллӣ нишасти илмӣ доир карданд. Дар он таъкид гардид, ки ҷашни парчам дар шумори чорабиниҳои муҳими даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи сазовор дорад. Парчам рамзи ифодакунандаи соҳибистиқлолӣ, пойдории давлати миллӣ, якпорчагӣ, сулҳу субот ва миллати куҳанбунёду бофарҳанг будан аст. Ба муносибати ин ҷашни фархунда сардори Шуъбаи маъхазҳои исломии марказ Сайфулло Муллоҷонов дар мавзўи «Аз дирафши Ковиён то парчами Тоҷикистон» гузориши илмии судманд пешниҳод намуд. Дар ин гузориш нақши миллатсозӣ ва муттаҳидкунандаи дирафши ковиёнӣ барои миллати тоҷик ва тамоми порсигўёни ҷаҳон зикр гардида, ҳамчунон бо далелҳои таърихӣ дар бораи вазъияти ба дасти исломоварон афтодани парчами чармин ва талаву тороҷ гардидани нигинҳои пурқимати дар он насбшуда аз ҷониби арабҳо маълумот дода шуд. Дар баробари сайри таърихии мухтасар баён шуд, ки марҳалаи навини рушди миллати тоҷик дар кори арҷгузории Парчами миллии мо саҳифаҳои тозаеро боз намуд. Парчами мо яке аз парчамҳои бузургтарин ва баландтарини ҷаҳон маҳсуб мешавад, ки дар китоби Гиннес дохил шудааст. 
Аҳли нишаст дар тақвияти ин гузориш нақши парчамро дар таҳкими ҳувияти миллӣ ва бунёди давлатдории дунявӣ ба таври мусбату муассир арзёбӣ намуданд, зеро дар таҳия ва интихоби тарҳи ниҳоии он  ҳамчун рамзи давлатӣ тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ ширкат кардаанд. Мо бо бовари комил гуфта метавонем, ки Парчами миллии Тоҷикистон тамоми арзишҳо ва дастовардҳои таъриху тамаддуни  пешазисломӣ ва  баъдиисломии миллати моро ба ваҷҳи некў дар муҳтавои худ таҷассум кардааст. 
 

Ноябрь 23, 2015 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад