Низомиёни Афғонистон дар 9 вилояти кишвар амалиёти поккориро роҳандозӣ намуданд
Душанбе, 05.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Шабонарӯзҳои гузашта дар минтақаҳои мухталифи Афғонистон амалиётҳои поккорӣ рӯи кор оварда, бар асари онҳо, мувофиқи ҳисоботи Вазорати корҳои дохилии ҶИА, 47 нафар силоҳбадастон кушта шуданд.
Дар хабарҳои ба қарибӣ дарҷнамудаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мудофиаи Афғонистон гуфта мешавад, ки амалиётҳои ҳарбӣ дар ҳудуди вилоятҳои Нангарҳор, Тахор, Қундуз, Бадахшон, Қандаҳор, Урузгон, Пактика, Пактиё ва Ҳилманд сурат гирифтанд.
Дар ҷараёни амалиётҳои ҳарбӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз қувваҳои шӯришгар як миқдор аслиҳа, ҳамчунин лавозимоти ҷангиро мусодира намуданд. Ғайр аз ин, посдорони тартибот қариб 10 асбоби мухталифи таркандаро пайдо ва безарар гардониданд.
Қувваҳои артиши миллии Афғонистон ҳангоми амалиёти ҳарбӣ талафот доданд. Аз ҷумла, бар асари таркиши минаҳо ва оташфишонии ҳариф 5 нафар хидматчиёни ҳарбӣ ҳалок шуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 12 дараҷа гарм мешавад
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд






