Нуробод: масрафи беҳударо пешгирӣ мебояд
Нуробод, 11.11.2015. (АМИТ «Ховар»).- Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тавилдара баҳри дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон » Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим » тадбирҳои зарурӣ меандешад. Дар ҳудуди ноҳия дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 306 ҷашну маросим, аз ҷумла 178 туйи домодию арусӣ, 37 маросими чил, 47 оши сол ва 44 хатнасур, аз ҷумла 25 хатнасури хайриявӣ бо ташаббуси соҳибкорони ноҳия гузаронида шуд. Дар 306 ҷашну маросими гузаронидашуда як миллиону 509 ҳазору 250 сомонӣ сарф гардидааст, ки ба ҳисоби миёна ба ҳар як маърака 3181 сомонӣ рост меояд.
Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба хайру кумак кардан ба аҳолӣ, расонидани кӯмак ба эҳтиёҷмандон бо ҷалби ташкилоту муассисаҳо ва шахсони алоҳида дар арафаи идҳои миллӣ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия гурӯҳҳои кории таблиғотӣ ташкил карда, бо аҳолии деҳаҳо, дар масҷидҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ вохӯриву суҳбатҳо доир намуданд, ки дар натиҷа ба маблағи 71 ҳазору 465 сомонӣ ба ятимон, бепарасторон, оилаҳои камбизоат, мактаб-интернатҳо ва оилаҳое, ки зиёда аз ду маъюб доранд, кумак расонида шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






