Оғози сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон
Душанбе, 11.11.2015 (АМИТ «Ховар»).- Шоми рӯзи 11 — уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Исломобод — пойтахти Ҷумҳурии Исломии Покистон шуд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Исломобод Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ва дигар шахсони расмӣ бо самимияти олӣ истиқбол гирифтанд.
Барои пазироии меҳмони олимақом фурудгоҳ бо парчамҳои ҳарду давлат ва шиору овезаҳо оро ёфта, горди фахрӣ саф ороста буд.
Ба ин муносибат дар фурудгоҳи Исломобод ҳамчунин аз тупхонаҳо 21 шиллик паронда шуд, ки танҳо хоси сафарҳои давлатии меҳмонони олимақом аст.
Мулоқоту музокироти сатҳи олии миёни Тоҷикистону Покистон пагоҳ — 12-уми ноябр оғоз меёбанд.
Дар назар аст, ки зимни ин сафар дар шаҳри Исломобод Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазир ва Президенти Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ва Мамнун Ҳусейн, инчунин бо дигар шахсони воломақом вохӯриҳо анҷом диҳад.
Аз рӯи натиҷаҳои мулоқоту музокирот бо Сарвазири Покистон санадҳои бисёри танзимкунандаи муносибатҳои ҳамкории ду кишвар ба имзо хоҳанд расид.
Ҳамчунин баргузории анҷумани соҳибкорони бонуфузи Тоҷикистону Покистон дар назар аст, ки боиси муаррифии имконоти ҳамкории босамар ва ба миён омадани робитаҳои мустақим миёни сохторҳои хусусии ду кишвар хоҳад шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






