Ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ дар роҳҳо
Душанбе, 02.11.2015. (АМИТ «Ховар»). -31-уми октябр ронандаи мошини тамғаи “Лабо”, сокини 57-солаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Гулистон ба самти ҷамоати деҳоти Русияи ноҳияи Рӯдакӣ аз уҳдаи идораи мошин набаромада, сокини 57-солаи ҳамин ноҳияро пахш намудааст. Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Дар ин рӯз, ҳамчунин сокини 31-солаи ноҳияи Рӯдакӣ мошини тамғаи “Хундай-Старекс”-ро дар назди хонаи истиқоматиаш бе назорат гузоштааст. Баъдан ҷияни хурдсоли ӯ, писарбачаи 4-сола ба дохили мошин даромада, муҳаррики онро ба ҳаракат дароварда, бародари хурдсолаш- писарбачаи 1-соларо пахш намудааст. Дар натиҷа хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






