Омодагии Муассисаи нигоҳдории роҳҳои Хуҷанд ба давраи зимистон
Хучанд, 28.11.2015. (АМИТ «Ховар»).- Баҳри омодагии саривақтӣ ба фасли сармо ва дар ин замина захира намудани маводи зарурӣ роҳбарияти Муассисаи нигоҳдории давлатии роҳҳои мошингарди шаҳри Хучанд тадбирҳои зарурӣ андешида истодаанд.
Тавре ки ба АМИТ “Ховар” аз муассисаи мазкуцр иттилоъ доданд, то 20 ноябр аз ҷониби коргарони муассиса беш аз 55 км роҳҳои ҳудуди шаҳр таъмиру қирпӯш шуданд, ки ин нишондод аз нақша зиёд буда, кормандони муассиса азм доранд бо истифода аз боду ҳавои мусоид таъмири чанд кӯчаи дигари шаҳрро ба анҷом расонанд.
Ҳамчунин барои зимистонгузаронӣ аз ҷониби коргоҳ 300 тонна маводи зиддилағжиш, аз ҷумла 200 куб қум ва 30 тонна намак захира шуда, барои беш аз 50 нафар коргарон низ либосхои зимистона харид шудааст ва 10 техникаи зарурӣ аз таъмир бароварда шуда, омодаи кор аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст






