Қонунҳои намунавии марбут ба муҳоҷират ба парлумонҳои миллӣ пешниҳод гардиданд
Душанбе, 28.11.2015.(АМИТ “Ховар”).-Дар ҷаласаи чилу сеюми Ассамблеяи байнипарлумонии /АБ/ кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ якчанд қонуни намунавӣ марбут ба муҳоҷират, аз қабили “Оид ба муҳоҷират”, “Оид ба муҳоҷирати захираҳои меҳнатӣ”, “Оид ба ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи муҳоҷират” қабул гардида, барои баррасӣ ба парлумонҳои миллӣ пешниҳод гардиданд. Бояд тазаккур дод, ки ин қонунҳои намунавӣ зимни баррасии масъалаи «Муҳоҷирати байналмилалӣ: проблема, ҳамкорӣ ва дурнамои рушд», ки яке аз масъалаҳои муҳими ҷаласаи чилу сеюми АБ кишварҳои ИДМ маҳсуб мешуд, қабул гардиданд.
Дар ҷаласа Валентина Матвиенко -раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия аз нав раиси АБ кишварҳои ИДМ интихоб гардид.
Дар ассамблея ҳамзамон лоиҳаи тавсияҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ва танзими қонунгузории миллии кишварҳои АБ ИДМ, «Барномаи дурнамои қонунгузории намунавӣ дар ИДМ барои солҳои 2016-2020» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ҷаласаи чилу сеюми АБ давлатҳои ИДМ ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Маҳмадсаид Убайдуллоев -раиси палатаи болоии Парлумони кишвар иштирок намуд.
Дар фарҷом иштирокдорони ассамблея ба унвони парлумонҳои кишварҳои ҷаҳон “Изҳорот оид ба ҳамкории дастаҷамъона дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ” қабул карданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






