Осорхонаи зоологии ДМТ ба номи С. Исоқов дари худро боз намуд
Душанбе, 3. 11. 2015. (АМИТ «Ховар»).-Бо ибтикори кафедраи зоологияи факултети биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) имрӯз дар шаҳраки донишҷӯён машварати илмӣ-назариявӣ бахшида ба кушодашавии осорхонаи зоологии факултети биологияи ДМТ ба номи шодравон дотсент Исоқов Саттор Исоқович доир гардид.
Дар ҳамоиш ноиби президенти АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шуъбаи илмҳои биология ва тиб, доктори илмҳои биология, А. Саидов-саркотиби илмии АИ ҶТ, доктори илмҳои биология ширкат намуда, саҳми С. Исоқовро дар пешрафти илми кишвар баланд арзёбӣ карданд. Сипас дигар намояндагони АИ ҶТ, аҳли илм ва дӯстону ҳамсабақон оид ба фоъолияти илмӣ-педагогии шодравон Саттор Исоқов маърӯза намуданд.
Дар интиҳо иштирокдорони машварат аз осорхонаи кафедраи зоология боздид ба амал оварданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






