Оё сокинони пойтахт мафҳуми рангҳои Парчами миллиро медонанд?
Душанбе, 18. 11. 2015. (АМИТ «Ховар»).-Парчам дар ҳаёти ҳар як давлату миллат мавқеъ ва нақши хоси худро дорад. Парчами давлатӣ ифодагари мақсаду маром ва орзую ормонҳои ҳар як миллату давлат аст. Ливои миллат қувваи сафарбаркунанда ва муттаҳидкунанда дошта, мардуми сарзаминро ба хотири амалӣ намудани мақсаду мароми некбинона даъват мекунад.
Ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлол парчами миллии мо имрӯз дорои се ранг: сурх — рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед — нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз — нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландӣ, хуррамӣ ва абадият мебошад. Тавре ки мегӯянд, сокини пойтахт будан ифтихор аст ва дар робита ба ин ифтихор дар арафаи таҷлили Рӯзи парчам аз сокинони пойтахт дар мавриди донистани мафҳуми рангҳои парчам назарпурсӣ гузаронидем, ки онро пешкаши хонандагон менамоем:
Ширин Наврузова, донишҷӯи соли чоруми ДМТ: Ранги сурх ҷоннисории халқ барои халқу ватан, ранги сафед бахту иқболи сафед, ранги сабз сарсабзиву хуррамии мардумро нишон медиҳад.
Ҷалолиддин, сокини пойтахт:
Ранги сафед ин озодӣ, сабз- тараққиёт, ранги сурх -ин бо роҳи мубориза ба даст овардани истиқлолият аст.
Сайфиддин Сангинов, аз Саридораи геология:
Ранги сурх- мубориза ва талоши зиёд баҳри истиқлолият, сафед-роҳи сафед, сабз -сарсабз будани Тоҷикистон мебошад.
Шаҳзод Ҷураев, донишҷӯи соли дуюми Донишгоҳи давлатии миллӣ:
Сурх -рамзи истиқлолият, сафед-покизагӣ, шири модар, сабз -сарсабзии кишвар.
Муллоҷонова Муниса, донишҷӯи соли чоруми Донишгоҳи давлатии (славянии) Русияву Тоҷикистон:
Ҷоннисории халқ барои сулҳ ва истиқлолият, ранги сафед- роҳи сафеду шири сафед, сабз -сарсабзу хуррамии Тоҷикистон.
Бояд гуфт, ки бештари сокинони пойтахт аз ҷавоб додан ба ин суол худдорӣ намуданд, ки ин нишони надонистани мафҳуми рангҳои парчам мебошад.
Эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам маънои арҷ гузоштан ба тамоми арзишҳои миллат аз оғози таърих то ба имрӯзро дорад. Эҳтироми ливо -арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ, ба ниёгони тамаддунсозамон, эҳтиром ба миллат ва давлату давлатдорист. Аз ин хотир, эҳтироми парчами миллӣ бояд дар миёни мардум ҳамчун муқаддасоти волои миллӣ пазируфта шавад.








То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






