Озмун ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ
Душанбе, 02.11.2015.(АМИТ «Ховар»). — Шаҳрдории Душанбе ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ озмуни эҷоди суруди беҳтаринро дар васфи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намудааст.
Ҳадафи озмун тақвияти эҳсоси худшиносию ватандӯстӣ дар ҷомеа арзёбӣ мегардад. Озмун дар шакли кушод дар як давр гузаронида шуда, дар он шаҳрвандон, гурӯҳҳои эҷодии ватанӣ ва хориҷӣ метавонанд ширкат намоянд. Ғолиби зинаи аввали озмунро 5000 сомонӣ, дуюм- 3000 сомонӣ ва зинаи сеюмро 2000 сомонӣ интизор аст.
Озмун то 15 ноябр идома ёфта, хоҳишмандон имкон доранд сурудҳои дар васфи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омоданамударо дар се нусха дар дискҳо ба шуъбаи фарҳанги пойтахт пешниҳод созанд. Сурудҳои пешниҳодгардида то 19 ноябр аз ҷониби ҳайати ҳакамон муҳокима шуда, ғолибон аз тариқи овоздиҳии пӯшида муайян мегарданд.








Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад






