Парафшонии Парчами миллӣ дар Файзобод
Файзобод, 24.11.2015. (АМИТ «Ховар»).- Субҳи имрӯз дар ноҳияи Файзобод ҷашни Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта шуд. Бо роҳбарии муовини раиси ноҳия Сайбинисо Раҷабзода аз даромади шаҳрак то Қасри фарҳанги ноҳия бо иштироки беш аз 1500 сокини ноҳия роҳпаймоӣ баргузор гардид, ки ҷавонон бо парчами дарозиаш 50 метр ба маркази ноҳия омаданд.
Пас аз роҳпаймоӣ бо иштироки раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ, меҳмонон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва ҷавонон дар Қасри фарҳанги ноҳия маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ сокинон ва аҳли нишастро бо ин иди бузурги миллати тоҷик табрик гуфта, зикр кард, ки ҳамчун рамзи давлатдорӣ ва чун рамзи муқаддаси миллӣ эътироф гардидани Парчами миллӣ маънии самимона дӯст доштани ин ватан, ҳар як вачаб хоки он, миллату расму оини миллиро дошта, ҳар як фарди худогоҳро ба арч гузоштан ба муқаддасоти миллӣ водор менамояд. Парчам ифодаи нангу номуси ҳар як шаҳрванд, баёнгари истиқлолият, ифодаи иззату икроми миллат, таҷассумгари ормонҳои миллӣ, инъикоскунандаи фарҳангу тамаддун ва далели азму иродаи устувори мардуми кишвар мебошад.
Дар чорабинӣ ҳунармандони Қасри фарҳанги ноҳияи Файзобод ва шаҳри Норак бо барномаи рангини консертӣ хотири аҳли нишастро шод гардониданд.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






