Парчам нишонаи соҳибдавлатист
Душанбе, 23.11.2015. (АМИТ «Ховар).- Бахшида ба рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор шуд. Дар ҷамъомад сардори шуъбаи магистратура Муҳаммадӣ Ашуров, мудири шуъбаи табъу нашр Саъдулло Носиров изҳор карданд, ки парчам ин нишонаи таърих ва соҳибдавлат будани ҳар як миллатро инъикос мекунад ва кишвари азизи мо низ бо парчами худ дар тамоми чаҳон ҷойгоҳи хоси худро касб кардааст.
Маърӯзаҳо дар мавзӯи «Таърихи парчам», «Парчами давлатии Тоҷикистон» «Парчами миллӣ- нишонаи соҳибистиқлолии тоҷикон» аз ҷониби магистрантони донишкада шунида шуданд. Зикр гардид, ки парчам аз ҷумлаи муқаддасоти миллист ва инсоният онро ҳамчун ливои озодӣ барои амалӣ намудани мақсаду ормонҳои худ баҳри ҳаёти осоишта ва таъмини адолат истифода мебарад. Гузаштагони мо низ дар парчами худ ранги сурху зард ва бунафшу кабудро ҳамчун ойини ҷавонмардиву тавоноӣ ба кор мебурданд. Моро мебояд, ки ба ин муқаддасот арҷгузорӣ карда, парафшонии онро дар тамоми олам таъмин созем.








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






