Парчам нишонаи соҳибдавлатист

Ноябрь 23, 2015 06:41

Душанбе, 23.11.2015. (АМИТ «Ховар).- Бахшида ба рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон мизи мудаввар  баргузор шуд. Дар ҷамъомад сардори шуъбаи магистратура Муҳаммадӣ Ашуров, мудири шуъбаи табъу нашр Саъдулло Носиров изҳор карданд, ки парчам ин нишонаи таърих ва соҳибдавлат будани ҳар як миллатро инъикос мекунад ва кишвари азизи мо низ бо парчами худ дар тамоми чаҳон ҷойгоҳи хоси худро касб кардааст. 
Маърӯзаҳо дар мавзӯи  «Таърихи парчам», «Парчами давлатии Тоҷикистон» «Парчами миллӣ- нишонаи соҳибистиқлолии тоҷикон» аз ҷониби магистрантони донишкада шунида шуданд. Зикр гардид, ки  парчам аз ҷумлаи муқаддасоти миллист ва инсоният онро ҳамчун ливои озодӣ барои амалӣ намудани мақсаду ормонҳои худ баҳри ҳаёти осоишта ва таъмини адолат истифода мебарад. Гузаштагони мо низ дар парчами худ ранги сурху зард ва бунафшу кабудро ҳамчун ойини ҷавонмардиву тавоноӣ ба кор мебурданд. Моро мебояд, ки ба ин муқаддасот арҷгузорӣ карда, парафшонии онро дар тамоми олам таъмин созем.

Ноябрь 23, 2015 06:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст