“Парчам рамзи соҳибдавлатист”-конфронси илмӣ
Душанбе, 18.11.2015. (АМИТ «Ховар).-Дар Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд бо ташаббуси кумитаи вилоятии иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм бахшида ба Рӯзи парчам конфронси илмӣ таҳти унвони “Парчам рамзи соҳибдавлатист” баргузор гардид.
Раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят Тоҳир Ғафуров гуфт, ки: «7 сол инҷониб дар кишвари тозаистиқлоламон Рӯзи Парчам бо шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Парчами давлатиро, ки рамзи давлатдории миллати тоҷик аст, бояд эҳтиром кард, яъне эҳтиром гузоштан ба Парчам ҳамчун рамзи давлатӣ ин эҳтиром ба худ, ба мавқеъ, ҷойгоҳ, ҳамсоя, ҷомеа, таърих, фарҳанги гузашта, муборизаҳоест, ки тавассути он мо имрўз ба истиқлолият расидаем, ин як навъ ҷоннисорӣ, ҷонбозист ва арзишҳоест, ки ҳудуду паҳно надоранд. Он чизе, ки муқаддас аст, наҷиб аст, сатҳи аз ҳама олӣ аст, онро бояд дўст дошт ва Парчами тоҷик ва кулли муқаддасоти миллӣ шоистаи дўстдоштанист».
Муовини аввали раиси Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд, профессори кафедраи таърихи умумии ДДХ Абдуҷалил Бобокалонов бобати нақши таърихии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар қабули Парчам ва дотсенти кафедраи таърихи ватани ДДХ Шавкат Шарипов дар мавзӯи “Аз таърихи парчам ва парчамдорӣ” маърӯза карданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






