«Парчамат тобанда бод, эй Тоҷикистони азиз! » -озмун
Файзобод,13.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод барои таҷлили Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи ноҳия чорабиниҳои таблиғотию фарҳангӣ ва адабию сиёсӣ баргузор менамояд.
Шуъбаи маорифи ноҳия бахшида ба Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни хонандагони синфҳои 10 ва 11 дар ҳудуди ноҳия озмуни иншои беҳтаринро дар мавзӯи » Парчамат тобанда бод, эй Тоҷикистони азиз! » ташкил намудааст, ки ғолибони онро туҳфаҳои ҳукумати ноҳия ва шуъбаи маориф интизоранд.
Инчунин насби Парчами давлатӣ дар ҷамоатҳо, ташкилоту корхонаҳо, кӯчаҳо ва биноҳои баландошёнаи ноҳия, гузаронидани мусобиқаҳои варзишӣ дар ҳудуди ноҳия, баргузории мизи мудаввар дар мавзӯи » Парчам- рамзи давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ», мулоқоту суҳбатҳо, чорабиниҳои фарҳангӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва роҳпаймоӣ дар маркази ноҳия бо иштироки ҷавонон, кормандони ташкилоту муасисаҳо ва сокинон дар назар аст.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






