«Парчамат тобанда бодо, Тоҷикистони азиз!»-ҳамоиш дар Ёвон
Ёвон, 18.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар ноҳияи Ёвон дар арафаи ҷашни Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунгоҳи тиббии «Оби шифо»-ро дар ҷамоати деҳоти Норин бо иштироки раиси ноҳия Амирбеки Темур ва меҳмонону сокинони ҷамоати мазкур ба истифода медиҳанд. Бунгоҳи мазкур аз ҳисоби саҳми маҳал сохта шуда, бо дастгирии раиси ноҳия бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин гардидааст.
Ба ифтихори рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон насб кардани Парчами давлатӣ дар ҳамаи мақомот ва иншооти давлатӣию биноҳои баландошёнаю идораву муассисаҳо, кӯчаву хиёбонҳо ва нақлиёти ҷамъиятӣ идома дорад.
Инчунин дар маркази ноҳия, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоту муассисаҳо бо иштироки фаъолон, сокинону меҳмонон ва ҷавонон баргузор намудани чорабиниҳои идона, мусобиқаҳои варзишӣ, мизҳои мудаввар, конфронсҳо таҳти унвони » Парчамат парафшон бод, Тоҷикистон » бахшида ба рӯзи Парчами давлатӣ ҷараён доранд.
Рӯзи 24 ноябри соли 2015 бо иштироки 1500 нафар ҷавонону донишҷӯён зери шиори » Парчамат тобанда бодо, Тоҷикистони азиз!» маҷлиси тантанавию роҳпаймоӣ аз назди муҷассамаи » Модар» то Кохи фарҳанги маркази ноҳия баргузор мегардад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






