Парчами баланд ифтихор ва ғурури баландро тақозо дорад
Душанбе, 24.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-«Иди парчам барои миллати тоҷик ва қавми ориёӣ иди хосса аст, зеро агар ба саҳифаҳои таърих нигарем, аввалин парчамдорони дунё аҷдодони мо мебошанд, ки дар таърих бо унвони Дирафши Ковиёнӣ шуҳратёранд»,- гуфт Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Ортиқи Қодир вобаста ба ҷашни Парчами давлатӣ.
Ҳамчунин Ортиқи Қодир илова намуд, ки вақеан ҳам Парчами Тоҷикистон дар ҷаҳон яке аз парчамҳои баландтарин аст ва ин аз миллати мо тақозо менамояд, ки мардуми тоҷик дар баробари доштани парчами баланд бояд дорои фарҳангу маърифат, ифтихор ва номусу ғурури ватандории баланд бошад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






