Парчами давлатӣ-рамзи давлатдории тоҷикон ва номуси миллат
Душанбе, 24.11 2015. (АМИТ «Ховар»).- Дар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 24 ноябр маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рўзи Парчам баргузор гардид. Қосим Роҳбар, раиси кумита иброз дошт, ки Парчами давлатии соҳибистиқлол мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди худшиносу худогоҳ ва ватандўсту ватанпарасти мамлакат ба ҳисоб рафта, рамзи давлатдории тоҷикон, нангу номуси миллат ва симои оромиву осоиштагии кишвари маҳбубамонро таҷассум менамояд. Ҷашни Парчам ифодагари орзуву ормонҳои миллати соҳибтамаддун ва баёнгари давлати соҳибистиқлол, муқтадир ва бофарҳанг мебошад.
Раиси кумита ҷашн гирифтани Рўзи Парчам ва дар ҳошияи он бо ризоият ва дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор намудани Конфронси нахустини ҷумҳуриявиро ҳамчун рӯйдоди муҳими таърихӣ дар саҳифаи хотироти Кумитаи рушди маҳал ёдовар шуд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






