Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи соҳибдавлатии тоҷикон аст

Ноябрь 14, 2015 05:35

Душанбе, 14.11.2015. (АМИТ «Ховар»). -Ҷашни Парчам аз зумраи ҷашнҳое мебошад, ки  имрўз симои  Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол, муқтадир, бофарҳанг ва соҳиби тамаддуни бой  дар ҷаҳон  муаррифӣ менамояд.   
Таҷрибаи гузаштаи миллати тоҷик агар аз як тараф боиси ифтихори  халқи тоҷик бошад, аз тарафи дигар асоси ҳастӣ ва пойдории давлатдории  ин миллати соҳибтамаддун  аст. Парчам дар тўли таърихи миллати тоҷик нақши муҳим дошт.
Боиси хушбахтист, ки халқи тоҷик дар давраи Куруши Кабир соҳиби эъломияи ҳуқуқи башар гашта буд, инчунин  якумин халқест, ки аввалин шуда,  дирафш-парчамро ба миён овардааст ва ин аввалин дирафши миллати тоҷик дирафши ковиёна аст  ва мо ҳамагон, ки аз «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ бархурдор мебошем, воқиф аз он ҳастем, ки  чӣ тавр Коваи оҳангар  дар вақти бар зидди қувваи бадӣ  ғолиб омаданаш чарминаи  пешбанди худро ба ҳайси  дирафш-парчам истифода бурда, баъди мағлуб намудани Заҳҳок ғолибияти худро бо тартиби   бардоштани  дирафш ба  халқ нишон  дод. Сипас Коваи оҳангар бо ба даст овардани давлат  ба тахт Фаридунро нишонд, Фаридун низ ин иқдоми  Коваро идома дода, ба дирафши Ковиёна  як  ситораи дорои  чор шохаи зарҳалдори ранги зард, сурх, бунафшдорро  илова намуда,  аз ҳамон давра ин ҷониб  мардуми ориёӣ   соҳиби парчами худ гаштанд.
Дар  тўли  таърихи  парчамдории  тоҷик ин рамз тағийр меёфт ва хушбахтона, ҳама вақт рангҳои мусбатро  доро буд.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрўз ҳамчун як рамзи давлатӣ шинохта шудааст, албатта, он дар як заминаи хушку холӣ ба миён  наомадааст ва  аз сарчашмаҳои хеле зиёди фарҳангӣ дар иртибот ба  омода кардани он истифода шудааст.  Дар Иҷлосияи  16-уми  Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид,  парчами Тоҷикистон  мавриди қабул қарор гирифт ва пўшида нест, ки  дар таҳия ва пешниҳоди он  олимон ва аҳли фарҳанг назари худро  пешниҳод карданд ва  парчами давлати тоҷик, ки  имрўз ҳамчун рамзи давлатӣ  шинохта шудааст,  бо рангҳои хеле зебо таҷассум ёфта, ифодагари тамоми таъриху тамаддуни  пешазисломӣ ва  баъдиисломии  мардуми мо аст,  яъне тамоми арзишҳои миллию  таърихии моро ифода мекунад.
Ин буд, ки  дар  асоси муқаррароти моддаи 3-и  Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон   Парчам дар  баробари  Нишон ва Суруди  миллӣ аз рамзҳои  давлатӣ  маҳсуб мешавад. 
11 декабри соли 1999 бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Точикистон тасдиқ шуд ва дар  ҷумлаи оғози ин Низомнома   омадааст ки: «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, тамоми муқаддасоте, ки  дар ватани мо ҳаст, ҳам муқаддасоте, ки  ба фарҳанг алоқаманданд, ҳам ба гузаштаи пурифтихор ва  ҳам ба имрўзи мо, ба идеалҳои мо алоқамандӣ доранд,  ҳама дар ҳамин ҷумла нуҳуфта аст, яъне парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар радифи ду рамзи дигар, яъне нишон ва  Суруди миллии  Тоҷикистон, пеш аз ҳама,  рамз аст, рамзи давлатӣ аст.
Бояд гуфт, ки  рамзҳо хеле муқаддас мешаванд  ва дар баробари ин  он аломату рангҳое, ки дар Парчами Тоҷикистон интихоб шудаанд, ҳар кадоме   мазмуну мўҳтавои амиқ доранд, ки  дар онҳо агар  аз як тараф гузаштаи кишвари мо, яъне принсипи таърихият ба  эътибор гирифта шуда бошад, аз тарафи дигар меросбарии  арзишҳои  фарҳангию ахлоқӣ, маънавию илмӣ ва  дигаре, ки дар гузашта буд ва мо то ба имрўз онро идома дода истодаем, ифода ёфтаанд.
Парчами давлатии ҳар як кишвар рамзи қудрату тавоноӣ ва нурҳои ақлонии фарҳангии ҳамон кишвар аст, ин  як рамзи бисёрмаъно буда, он ба воситаи муқоиса дар ақли инсон  дарк мешавад. Он тасвири рангҳо,  тоҷ ва ҳафт ситорае, ки дар парчам  акс ёфтааст, мазмунҳои зиёдеро дар худ таҷассум кардаанд.
Аммо ба таври  амиқи тасдиқшуда ранги сурх дар парчам ин мубориза ва ҷоннисориҳои халқ баҳри озодӣ ва истиқлолият, ранги сафед- бахту иқболи сафед ва покизагӣ буда, ранги  сабз -саъю кўшиш ва заҳмату меҳнати сокинон баҳри сарсабзу хуррам гардонидани Ватанамон мебошад.
Тасвири тоҷ дар парчам- ин нишон аз соҳибдавлатӣ ва мустақилияти кишвар буда, ҳафт ситора-ин  ҳафт иқлим, ҳафт ситораи бародарон, ҳафт қабати осмон ва ҳафт рўз дар назар дошта шудааст. 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки соли 2007 қабул шудааст,  моҳият ва тартиби истифодаи расмии Парчамро муқаррар менамояд.
Эҳтироми волои Парчам дар баробари  Нишон ва Суруди Миллӣ   вазифаи асосӣ ва  ифтихори ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар ҳама ҳолат ба рамзҳои давлатӣ бояд тавре муносибат намуд, ки нисбат ба онҳо беҳурматӣ зоҳир нагардад.
Дар ин қонун тартиби тасдиқ намудани Парчами давлатӣ, тартиби тасвир ва тартиби вақт , макон, истифодаи ин рамзи давлатӣ дар радифи дигар рамзҳо пурра ва ба таври амиқу возеҳ  муқаррар шудааст.
Парчами давлатиро, ки рамзи давлатдории  миллати тоҷик аст, бояд эҳтиром кард, яъне эҳтиром  гузоштан ба  Парчам ҳамчун рамзи давлатӣ ин эҳтиром ба худи худ, ба мавқеъ, ҷойгоҳ, ҳамсоя,  ҷомеа, таърих, фарҳанги гузашта, ба он муборизаҳоест, ки тавассути  он мо имрўз ба истиқлолият  расидаем, ин як навъ ҷоннисорӣ, ҷонбозист ва    арзишҳоест, ки ҳудуду паҳно надоранд ва хулоса, ин як навъ қомуси хирад ва андеша аст. Он чизе, ки муқаддас  аст, наҷиб аст, сатҳи аз ҳама олӣ аст, онро бояд дўст дошт ва Парчами тоҷик ва кулли муқаддасоти  миллӣ шоистаи дўстдоштанист ва он чизе, ки аз ибтидо то ба имрўз дар Парчам  ҷойгир аст, мо ба он бояд эҳтиром гузорем. 
 
Бигзор дар саросари кишвари ҳамешабаҳори азизамон Парчами сулҳу амонӣ ва осоиштагӣ доимо партавфишон бошад. 

Судяи суди шаҳри Душанбе  Абдулмонеъ Абдулғанизода

Ноябрь 14, 2015 05:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Боку таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Академияи дипломатии Озарбойҷон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ шуд
10 феврал дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи кор бо занон ва оила, Мақомоти шаҳри Душанбе ва Комиссияи олии аттестатсионӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
8 феврал дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Зимни ҳамоиши ҳизбӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 200 нафар ятимон ва донишҷӯён бо корти нақлиётӣ таъмин гардиданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон 7 ихтисоси нав таъсис ёфт
Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дастовардҳои Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу амният матраҳ гардиданд
То 1 октябри соли 2025 Лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
«МЕҲРИ МОДАР». Таҳти ин унвон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иқдом баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 12 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад