Парлумон бо пешниҳоди Ҳукумат ба қонуни адвокатура тағйирот ворид кард
Душанбе, 04.11.2015.(АМИТ «Ховар»).- Минбаъд дар Тоҷикистон шахсоне, ки барои содир намудани ҷиноят маҳкум шудаанд, новобаста аз категорияи ҷинояти содиршуда, шакли гуноҳ ва бардоштани доғи судӣ ҳуқуқи гирифтани мақоми адвокатиро надоранд. Дар ин росто 4 ноябр вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» тағйиру иловаҳо ворид намуданд. Рустам Шоҳмурод -вазири адлияи кишвар дар назди вакилон гуфт, ки ҳадафи лоиҳаи мазкур интихоби дурусти кадрҳо, ҷалби бештари мутахассисони болаёқати соҳа ба мақомоти адвокатӣ, пешгирӣ намудани ҳолатҳои коррупсионӣ, баланд бардоштани масъулияти касбӣ, таҳкими фаъолияти адвокатӣ ва ба ин васила таъмини риояи муқаррароти конститутсионӣ дар самти кафолати ёрии тахасусии ҳуқуқӣ дар тамоми марҳилаҳои тафтишот ва мурофиаи судист.
Тибқи тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» агар адвокат қаблан дар баррасии парванда ба ҳайси машваратчии халқӣ иштирок карда бошад ё бо машваратчии халқӣ пайванди хешу таборӣ дошта бошад, ҳуқуқи дар парвандаи мазкур ба сифати адвокат баромад карданро надорад, зеро тибқи моддаи 34 -и Кодекси мурофиаи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон машваратчиёни халқӣ ҳангоми ба амал баровардани адолати судӣ аз тамоми ҳуқуқҳои судя истифода менамоянд.
Ҳамзамон Рустам Шоҳмурод афзуд, ки шахсе, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон нест, таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ надорад, забони давлатиро намедонад, на кам аз ду сол собиқаи корӣ аз рӯи ихтисоси ҳуқуқшиносӣ надорад, ё коромӯзиро дар ташкилоти адвокатӣ дар муҳлати муқаррарнамудаи қонуни мазкур нагузаштааст, ҳуқуқи соҳиб шудан ба мақоми адвокатиро надорад.
Инчунин шахсоне, ки аз мақомоти давлатӣ, судӣ, адлия, прокуратура, адвокатура ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизмати ҳарбӣ, барои вайрон кардани савганди касбӣ, содир намудани кирдорҳои дорои хусусияти коррупсионӣ озод гардидаанд, ҳуқуқи гирифтани мақоми адвокатиро надоранд. Ҳамзамон ҳангоми қабули санади авф агар парвандаи ҷиноятӣ оғоз нашуда ё қатъ шуда бошад, озод кардани шахс аз ҷавобгарии ҷиноятӣ бо сабаби пушаймонӣ аз кирдори худ, озод кардани шахс аз ҷавобгарии ҷиноятӣ бо сабаби оштӣ шудан бо ҷабрдида, озод кардани шахс аз ҷавобгарии ҷиноятӣ бо сабаби тағйир ёфтани вазъият, озод кардани шахс аз ҷавобгарии ҷиноятӣ бо сабаби гузаштани муҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан низ боис мегардад, ки шахс аз ҳуқуқи гирифтани мақоми адвокатӣ маҳрум шавад. Инчунин аз аттестатсия нагузаштани адвокат, аз шаҳварндии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадан, ё шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз даст додани адвокат, барои иқомати доимӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон баромада рафтани адвокат минбаъд асос барои қатъ гардидани мақоми адвокатӣ мегарданд.
Вазири адлияи кишвар афзуд, ки ворид намудани тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» баҳри баланд бардоштани савияи дониш ва касбияти адвокатҳо бо мақсади дар сатҳи зарурӣ таъмин намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон равона шудаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






