«Пирони кӯҳистони Хатлон»-маводи таърихӣ оид ба уламо ва авлиёи Хатлонзамин

Ноябрь 16, 2015 04:37

Душанбе, 16.11.2015. (АМИТ «Ховар).- Ба наздикӣ бо дастгирии Вазорати фарҳанг китоби Раҷаб Асозода ва Ҳотам Асозода таҳти унвони «Пирони кӯҳистони Хатлон» (бахшида ба 700 — умин солгарди зодрӯзи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ)  аз чоп баромад. 
Муаллифони китоби «Пирони кӯҳистони Хатлон» (бахшида ба 680 — солагии зодрӯзи Мир Сайд Алии Ҳамадонӣ)  —  ро бори аввал  соли 2006 чоп  намуда  буданд.
Дар  нашри аввал онҳо маводи  таърихиро оид ба  уламо ва авлиёи Хатлонзамин, аз зумраи Хоҷа Исҳоқи  Хатлонӣ, Мир Сайид Ҷалолиддини Гулдаста, Бибӣ Савро ва Бибӣ Навро, Шайх Шамсиддини Хатлонӣ   гирдоварӣ  кардаанд.
Дар нашри дуюм зиндагиномаи беш аз сӣ олиму адиб, соликону орифони забардасти Хатлонзамин, ба мисли Мавлоно Тоҷиддин, Хоҷаи Нур, Шайх Шақиқи Балхӣ, Султон Увайси Қаранӣ,  Имом Ҷаъфари Содиқ, Имом Ҳасани Аскарӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Хоҷа Исҳоқи  Валӣ маълумоти пурарзиш инъикос ёфтааст.
Китоб барои донишҷӯёни макотиби олӣ, устодони макотиби  таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишкадаю донишгоҳҳои кишвар пешбинӣ шудааст.

Ноябрь 16, 2015 04:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад