Президент: «Мардуми шарифи Тоҷикистон зери парчами давлати тозаистиқлоли худ муттаҳид гардида, давлатдории миллиро аз нобудшавӣ наҷот бахшид»
Душанбе, 23.11.2015. (АМИТ «Ховар»). – «Дар солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ мардуми шарифи Тоҷикистон дар зери парчами давлати тозаистиқлоли худ муттаҳид гардида, давлатдории миллиамонро аз нобудшавӣ наҷот бахшиданд ва пеши роҳи парокандагии миллати тамаддунсози тоҷикро гирифтанд», — таъкид шуд дар Паёми телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зикр менамояд, ки миллати тоҷик зери парчами миллӣ ба ваҳдату ягонагӣ расид ва мо минбаъд низ таҳти ин рамзи муқаддаси миллӣ сиёсати созандаву бунёдкоронаамонро барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва эъмори ҷомеаи нав — ҷомеаи озоду демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ амалӣ мегардонем.
«Аз ин рӯ, бори дигар таъкид менамоям, ки мо бояд дар амри ҳимояи манфиатҳои милливу давлатиамон ҳаргиз зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем. Дар ин росто, фаромӯш набояд кард, ки муҳаббат ба Парчам ва дигар рамзҳои давлатӣ нишонаи муҳаббати самимии мо ба Ватан-модар, миллату давлат ва ифтихор аз онҳо ҷузъи муҳимми рисолати ватандориву ватансозӣ ба ҳисоб меравад», — муътакид аст Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






