Президентҳои ИМА ва Фаронса Туркия ва Русияро даъват намуданд, ки хуруҷи ташаннуҷро ҷилавгирӣ намоянд
Душанбе, 26.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Президенти ИМА Барак Обама ва Президенти Фаронса Франсуа Олланд, ки ба Вашингтон ташриф овардааст, Туркия ва Русияро даъват намуданд, ки барои роҳ надодан ба хуруҷи ташаннуҷ дар муносибатҳои дуҷониба, ки сабабаш ҳодисаи ҳавопаймои бомбаандози Су — 24 Русияро сарозер намудани Туркия аст, тадбирҳои зарурӣ андешанд, хабар медиҳад Синхуа.
Б.Обама дар нишасти матбуотии муштарак изҳор дошт, ки Туркия ҳуқуқи ҳифз намудани қаламрав ва фазои ҳавоии худро дорад, вале Туркияю Русия бояд гуфтушунид намуда, ҷараёни мушакборон шудани ҳавопаймои Русияро тафтиш карда, барои роҳ надодан ба хуруҷи ташаннуҷ тадбирҳо андешанд. Мавсуф изҳори умедворӣ кард, ки Туркияю Русия ба якдигар гузашт карда, чора мебинанд ва ба манофеи якдигар зарар намерасонанд.
Ф.Олланд дар мавриди ҳодисаи вобаста ба ҳавопаймои ҳарбии Русияро сарозер кардани Туркия изҳори таассуф намуда, иброз дошт, ки Туркия барои маълум намудани ҳодисаи вориди фазои ҳавоии Туркия шудани ҳавопаймои Русия ба НАТО маълумоти дахлдор медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, дар айни ҳол мубориза бо терроризм ва гурӯҳи ифротгарои «Давлати исломӣ» бояд ҳадафи ягона гардад, хуруҷи ҳар гуна зуҳуроти ташаннуҷ хавфу зарар меорад.
Рӯзи сешанбе ҳавопаймои Су — 24 Русия дар Сурия сарозер шуд. Ситоди генералии қувваҳои мусаллаҳи Туркия зимни изҳороташ хабар дод, ки қӯшунҳои Туркия ҳавопаймои Русияро чандин маротиба огоҳ сохтанд, вале сарнишинони он ҷавоб надоданду баъди ин ҳавопаймои харбӣ сарозер карда шуд.
Президенти ФР Владимир Путин он рӯз дар Сочи изҳор дошт, ки ҳавопаймои Су — 24 Русия дар ҳудуди Сурия аз ҷониби ҳавопаймои қиркунандаи Ф — 16 Туркия 1 километр дуртар аз сарҳади Туркия бо мушаки «ҳаво ба ҳаво» ба нишон гирифта шуд. Ҳавопаймо вазифаи мубориза бо «Давлати исломӣ» — ро иҷро намуда, ба террористон зарба мезад.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






