Прокуратураи Париж марги 128 нафарро дар амалҳои террористӣ тасдиқ кард
Душанбе, 14.11.2015. (АМИТ «Ховар»). Теъдоди пешакии қурбониёни амалҳои террористии Фаронса ба 128 нафар расида, 99 нафари дигар дар ҳолати вазнин қарор доранд. Дар ин бора агентии хабарии «Рейтер» бо истинод ба манбаъ аз Прокуратураи Париж иттилоъ медиҳад.
Чанде пеш манбаъ иттилоъ дода буд, ки 127 нафар ҳалок гардида, 250 тани дигар маҷруҳ шудаанд, ки аз ин теъдод 80 нафарашон дар ҳолати вазнин қарор доранд.
Шоми 13-уми ноябр шахсони номаълум дар яке аз тарабхонаҳои пойтахти Фаронса шаҳри Париж тир кушоданд. Ҳамзамон 3 таркиш дар наздикии варзишгоҳи «Стад де Франс», ки дар он бозии рафиқонаи Фаронса ва Олмон бо иштироки Президенти Фаронса Франсуа Олланд мегузашт, ба амал омад. Ба ғайр аз ин, дар рок консерти театри «Батаклан» шахсони номаълум мардуми осоиштаро гаравгон гирифта, зиёда аз 100 нафари онҳоро куштанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






