Пулиси Фаронса шарики тахминии террористонро ҷавоб дод
Душанбе, 16.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Пулиси Фаронса шарики гумонбари террористон Солеҳ Абдулсаломро, ки автомобили тамғаи Volkswagen — и онҳоро киро гирифта буд, дастгир намуд.
Солеҳро дар сарҳад, ҳангоми кӯшиши тарк намудани кишвар дастгир намуда, вале баъди тафтиши ҳуҷҷатҳояш ӯро ҷавоб доданд, хабар медиҳад Агентии «Ассошиэйтед пресс».
Баъдтар маълум гардид, ки ду бародари Абдусалом аз ҷумлаи иҷрокунандагони амалиётҳои террористӣ дар шаҳри Париж будаанд. Якеаш худро дар маркази шаҳр тарконида, дуюмашро дар Белгия дастгир карданд.
Маҳалли будубоши Солеҳ Абдусалом маълум набуда, дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дорад.
Бино ба маълумоти манбаъ, аз ҷумлаи 7 нафар силоҳбадасти 13 ноябр дар Париж ҳалокгардида ду нафарашон шаҳрвандони Фаронса буда, дар Брюссел зиндагӣ мекардаанд. Дар ин шаҳр ҳафт нафар бо гумонбари амалиёти террористӣ дастгир шудааст.
Ёдовар мешавем, ки шоми 13 ноябр дар шаҳри Париж якчанд амалиёти террористӣ рух дода, бар асари онҳо 129 нафар ҳалок гардида, беш аз 320 нафар осеб дид.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд






