Раддияи Вазорати корҳои дохилӣ ба ҳафтаномаи «Азия-плюс»
Душанбе, 14.11.2015. (АМИТ «Ховар»). -Вазорати корҳои дохилӣ мақолаи дар ҳафтаномаи «Азия-плюс», №85 (1068) аз 29.10.с.2015 таҳти сарлавҳаи «Қисса дар бораи сарбоз» (Баллада о Солдате) дарҷгардидаро мавриди баррасӣ қарор дода, иттилоъ медиҳад, ки он асоси воқеӣ надорад.
Либосҳо, телефон ва дигар ашёи мутааллиқ ба марҳум Дмитрий Буриев аз сабабе, ки ба ҳалокат расидааст, тибқи тартиби муқарраргардида барои муоина ва пешбурди парвандаи ҷиноятӣ аз ҷониби Прокуратураи ҳарбӣ дар пакети махсус гирифта мешавад.
Оид ба бурдану гӯрондани ҷасади марҳум Дмитрий Буриев тӯли се рӯзе, ки дар сардхона меистод, ягон нафар муроҷиат накардааст. Тамоми хароҷоти маросими гӯронидани Дмитрий Буриевро Вазорати корҳои дохилӣ ба зимма гирифт ва марҳум бо иштироки роҳбарияти вазорат, ҳайати шахсии мақомот ва дигар дӯстону рафиқонаш пас аз маросими видоъ ва арҷгузорӣ дафн шуд.
Бояд зикр кард, ки Дмитрий Буриев аз моҳи апрели соли ҷорӣ то замони марг дар утоқи кориаш, дар қароргоҳи ДТММ зиндагӣ мекард ва бо ҳамсараш Рано Ахмедова зиндагии якҷоя надоштанд. Либосҳо ва дигар ашёи лозимии Буриев Д. дар утоқи кориаш нигоҳ дошта мешуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






