Раиси Федератсияи чавгони ҶИЭ Ҳамза Элхонизода ба Суғд омад
Душанбе, 18.11.2015. (АМИТ «Ховар).- Дирӯз, 17 ноябр раиси Федератсияи чавгони Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳамза Элхонизода ба вилояти Суғд омад.
Зимни сафар ҳайати меҳмонон аз Варзишгоҳи чавгони аспӣ ва Муассисаи давлатии мактаби махсуси варзишии бачагону наврасон оид ба чавгон дидан карда, аз Қасри Арбоб, Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд», Регистони Панҷшанбе, Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» боздид менамоянд.
Зимнан, ҳини сафари раиси вилоят ба ҶИЭ бо ҳузури Абдураҳмон Қодирӣ ва масъулини Федератсияи чавгони Ҷумҳурии Исломии Эрон тафоҳумномае дар хусуси омӯзиши бозии чавгон ба тоҷикон ба имзо расид ва сипас як гурӯҳ ҷавонони тоҷик озими Эрон шуда, бо нозукиҳои ин бозии суннатӣ шинос гардиданд.
Бо дастгирии раиси вилоят ҳоло дар вилояти Суғд Варзишгоҳи чавгони аспӣ ва Муассисаи давлатии мактаби махсуси варзишии бачагону наврасон оид ба чавгон фаъолият дорад, ки дар он садҳо нафар ҷавонон ин бозии миллиро меомӯзанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






