Рамзҳои Парчами давлатӣ: Озодию иқбол ва сарсабзию хуррамӣ
Душанбе, 24.11.2015.(АМИТ «Ховар»). — Имрӯз, 24 ноябр мардуми тоҷик ҷашни яке аз рукнҳои муқаддаси миллӣ-Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шукуҳу шаҳомат дар фазои амну субот, ваҳдату ҳамраъйӣ ва умед ба фардои неку дурахшон таҷлил намуданд. Парчами давлатӣ рамзи истиқлолияти давлатии кишварамон буда, матои росткунҷаест, ки дар рӯяш се рахи ранга ба таври уфуқӣ — ранги сурх, сафед ва сабз ҷой гирифтаанд. Ранги сурхи Парчами давлатӣ рамзи ҷоннисорию муборизаи халқ барои озодӣ ва истиқлолият, ранги сафед бахту иқболи сафед, покизагӣ ва ранги сабз саъю кӯшиш ва заҳмату меҳнати халқ баҳри сарсабзию хуррамии Ватан аст. Дар мобайни парчами давлатӣ бо зарҳал рамзи тоҷ тансиқ шуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст, ки рамзи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки соли 2011 дар остонаи ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти кишвар дар маросими ботантана Парчами давлатӣ бо баландии 165 метр парафшон гардида, ҳамчун баландтарин парчам дар ҷаҳон ба китоби «Рекордҳои Гиннес» ворид шуд. Дар атрофи баландтарин Парчами давлатӣ Боғи парчами миллӣ бунёд шудааст. Боғи парчами миллиро гулу себарга ва дарахтони ороишию сояафкан, инчунин фаввораю ҳавзҳо шукӯҳи шаҳомати хосса бахшида, он ба сайргоҳи сокинону меҳмонони Тоҷикистон табдил гардидааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






