Рамзан Қодиров ба муборизаи якҷоя бар зидди террористон даъват кард
Душанбе, 14.11.2015 (АМИТ «Ховар»).-Президенти Ҷумҳурии Чеченистон Рамзан Қодиров вобаста ба амалҳои мудҳиши террористие, ки дар Париж ба амал омаданд, аз ҳамаи пешвоёни кишварҳои арабӣ ва мусулмонӣ даъват кард, ки бар зидди созмони террористии ба ном «Давлати исломӣ» муборизаи якҷоя баранд. «Ҳеҷ кас шубҳа надорад, ки пушти амалҳои террористии дар Париж содиршуда созмони ба ном «Давлати исломӣ» меистад. Ин манбаи шарро аз беху бунаш бояд решакан кард. Вагарна тӯдаи террористон мисли селаи офат ба ҳама кишварҳову шаҳрҳо паҳн мешаванд. Президенти Русия Владимир Путин бо мақсади пешгирӣ кардани хатари марговари ДИИШ болои сари инсоният, ба таври қатъӣ мубориза бар зидди ДИИШ-ро оғоз кард», — чунин навиштааст дар саҳифаи Instagram Рамзан Қодиров.
Бояд гуфт, ки президенти Чеченистон Рамзан Қодиров аз рӯзҳои нахустини зарбаҳои неруҳои ҳарбӣ-ҳавоии Русия ба пойгоҳҳои ҳарбии ДИИШ ин иқдомро дастгирӣ карда, созмони ба ном «Давлати исломӣ»-ро «Давлати шайтонӣ» ном ниҳод ва изҳор кард, ки омодааст шахсан худаш дар амалиёти ҷангӣ ба муқобили ҷинояткорони ДИИШ иштирок кунад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






