Роғун: хизматрасонии бонкҳо коҳиш ёфтааст
Роғун, 12.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Яке аз омилҳои асосии таҳлили соҳаҳои воқеии иқтисодиёт таъмини сиёсати ягонаи фаъолияти бонкӣ мебошад. Аз тарафи бахшҳои бонкҳои шаҳри Роғун дар нўҳ моҳи соли ҷорӣ дар маҷмӯъ 77 млн. 283 ҳазор сомонӣ хизматрасониҳои пулӣ иҷро шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15 млн. 822,2 ҳазор сомонӣ кам мебошад. Ин нишондод ба Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» 40 млн. 544,4 ҳазор сомонӣ, филиали ҶСК «Ориёнбонк» 35 млн. 850, ҳазор сомонӣ, филиали ҶСК «Агроинвестбонк» 888,6 ҳазор сомонӣ рост меояд.
Дар давраи ҳисоботӣ тавассути бонкҳои мазкур 39 млн. 511,6 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби муҳоҷирати меҳнатӣ ба шаҳрвандони шаҳри Роғун интиқол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17 млн. 055,3 ҳазор сомонӣ кам мебошад.
Дар соли ҷорӣ аз тарафи бонкҳои мазкур ҷиҳати дастгирии соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ба муштариён ба маблағи 2 млн. 937,1 ҳазор сомонӣ қарзҳо дода шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 млн. 049 ҳазор сомонӣ кам аст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






