Рушди маорифи тоҷик дар даврони истиқлолият
Душанбе, 24. 11. 2015. (АМИТ «Ховар»).-«Рушди маорифи тоҷик дар даврони истиқлолият»-таҳти чунин унвон 23 ноябр дар Китобхонаи миллӣ бо ибтикори Ташкилоти ҷамъияти байналмилалии фонди “Диалоги Авруосиё” ва иштироки масъулини Вазорати маориф ва илм, ректорону директорон, профессорону омўзгорон ва муҳаққиқону донишмандони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва намояндагони конфронси ҷумҳуриявии илмӣ баргузор гардид. Дар конфронс инчунин китоби “Маориф-гарави пешравии ҷомеа” (дар партави асарҳои А.Дониш, С.Айнӣ, Б.Ғафуров ва М.Турсунзода) муаррифӣ гардид.
Муовини аввали вазири маориф ва илм Раҳматулло Мирбобоев вобаста ба дастовардҳои соҳаи маориф дар даврони истиқлолият ба иштирокдорон маълумоти муфассал дода, зикр кард, ки маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ соҳаи маориф ва илми Тоҷикистон бо суръати тамом рў ба пешрафту тараққӣ ниҳода, ба пешрафту комёбиҳои зиёде ноил гардид.
Дар идомаи ҳамоиш муаррифии китоби “Маориф-гарави пешравии ҷомеа” (дар партави асарҳои А.Дониш, С.Айнӣ, Б.Ғафуров ва М.Турсунзода) сурат гирифт. Зимни нишаст донишмандони тоҷик Шарифмурод Исрофилниё, Олимҷон Хоҷамуродов, Сайфулло Муллоҷонов, Аъламхон Кўчаров ва Нодир Одилов вобаста ба мазмуну муҳтаво ва ҳусну қубҳи китоби тозанашр изҳори назар намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






