Русия низоми бераводид бо Туркияро бозмедорад
Душанбе, 28.11.2015 (АМИТ «Ховар»).- Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров изҳор дошт, ки Русия низоми рафтуомади бидуни раводид бо Туркияро аз 1 январи соли 2016 бозмедорад. Дар ин бора «РИА Новости» иттилоъ додааст.
«Мехоҳам бигӯям, ки Русия аз афзоиши хатарҳои террористӣ дар Туркия хеле ва хеле нигарон аст. Ин аслан марбут ба амнияти ФР ва шаҳрвандони мост. Тавассути Туркия интиқоли ҷангиён ба самтҳои мухталиф ба роҳ монда шудааст», — тазаккур дод С. Лавров ба ТАСС.
Ба гуфтаи вазири корҳои хориҷии ФР, Маскав дар як сол 17 маротиба аз Анқара маълумот дар бораи шаҳрвандони Русияро, ки бо гумони иштирок дар фаъолияти террористӣ боздошт шудаанд, дархост намуд, вале ин дархостҳо беҷавоб монданд.
«Ростуризм» ба ширкатҳои туристӣ тавсия дод, ки фурӯши роҳхатҳои сайёҳӣ ба ин кишварро қатъ кунанд.
Сардори Федератсияи меҳмонхонаҳои Туркия Усмон Айик дар навбати худ ба рӯзномаи «Hurriyet» гуфт: «Мо наметавонем бозори Русияро, ки дар бахши туристии Туркия ҷойи дуюмро ишғол мекунад, аз даст диҳем. Мо соли равон беш аз 800 ҳазор сайёҳони русро бо сабаби мушкилоти иқтисодӣ дар Русия аз даст додем ва меҳмонхонаҳоро зарур омад, ки барои ҷалби муштариён нархҳоро ба таври назаррас паст кунанд. Вале ин ҳам кумак накард».
Бояд тазаккур дод, ки дар давоми 10 моҳи соли равон шумораи сайёҳони хориҷӣ, ки ба Туркия сафар кардаанд, аз ҳама бештар аз Олмон (15,56%), пасон аз Русия (10,70%) ва аз Британияи Кабир (7,33%) мебошанд. Шумораи сайёҳон дар Туркия нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,02% кам шудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






