Саҳми Ҷ. Обидпур дар пешрафти санъати мусиқии тоҷик
Душанбе, 2. 11. 2015. (АМИТ «Ховар»).- Дар Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ бахшида ба ҳаёту фаъолияти Арбоби ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Ҷӯрахон Обидпур барномаи консертӣ баргузор гардид.
Зимни баргузории барномаи консертӣ муҳассилини ин даргоҳи маърифат аз эҷодиёти пурсамари ин шахсияти маҳбуб сурудҳо, навозишҳо тавассути асбоби мусиқии миллию касбӣ ва хори умумӣ дар мавзӯоти гуногунро ба аҳли толор манзур гардониданд.
Ёдовар мешавем, ки Ҷӯрахон Обидпур дар соҳаи композиторӣ ҳамчун оҳангсоз ва сароянда амал намуда, беш аз 100 суруд, 2 сюита, 2 фантазия, зиёда аз 50 суруд барои хори бачагона, аз ҷумла «Тоҷикистон», «Ватан», «Хобам наомад», «Ишқ», «Сарвиноз», «Бути тоҷик», «Мапӯшон рӯйро» ва «Ташна» ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Ҷ.Обидпур қариб 20 дастури таълимӣ, китоб, барномаҳо, аз ҷумла, «Дарси рубоб», «Чаманоро», «Савтҳои Борбадӣ», «Этюдҳои хушоҳанг», «Гулбонги рубоб», сурудҳо барои хори бачагона «Ману тарона»-ро коркард намуда, рӯи чоп овардааст, ки аз онҳо дар тамоми мактабҳои мусиқии ҷумҳурӣ васеъ истифода мебаранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






