Садамаҳои нақлиётии маргбор дар роҳҳои ҷумҳурӣ
Душанбе, 17.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-16-уми ноябри соли равон, ронандаи мошини тамғаи “Мерседес-бенс”, сокини 29-солаи ноҳияи Дарвоз ҳангоми ҳаракат дар километри 428-уми роҳи нақлиётгарди “Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ”, дар ҳудуди мавзеи “Даштӣ”-и ноҳияи Дарвоз аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба ҷарии баландиаш 180 метр чаппа шудааст. Дар натиҷа ронанда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин дар ин рӯз ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, сокини 19-солаи ноҳияи Ҷалолиддини Рӯмӣ ҳангоми ҳаракат аз ноҳияи Қумсангир ба самти ноҳияи Ҷалолиддини Рӯмӣ дар ҳудуди деҳаи Янги-Турмуш бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, духтарчаи 2-соларо пахш намудааст. Дар натиҷа, хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






