Садоҳои маҳкумсозӣ аз Эрону Афғонистон
Душанбе, 14.11.2015. (АМИТ «Ховар»). — Ҳасан Руҳонӣ раиси ҷумҳурии Эрон ҳамалоти шаби гузашта дар Парижро ба шиддат маҳкум карда, ба миллат ва давлати Фаронса ибрози ҳамдардӣ кардааст. Оқои Руҳонӣ дар паёми худ ба раиси ҷумҳури Фаронса Франсуа Олланд гуфтааст: «Ин ҷинояти зиддибашариро шадидан маҳкум ва ба миллати сӯгвор ва давлати Фаронса тасаллият мегӯям».
Муҳаммад Ҷавод Зариф вазири умури хориҷаи Эрон ҳам ҳамалоти шаби гузаштаи Парижро маҳкум карда, гуфтааст, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон худ ба унвони қурбонии терроризм ин мавзӯъро ба шиддат маҳкум мекунад. Ӯ гуфтааст: «Дар ин сооти сахт Эрон худро дар канори хонаводаҳои қурбониёни ин ҳаводиси террористӣ медонад».
Ҳусайн Ҷобир Ансорӣ сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон дар баёнияи худ гуфтааст: «Омилони ин ҷиноят аз руҳи ислом ва тамоми адёни осмонӣ ва усули ахлоқӣ бегона ҳастанд» ва таъкид кардааст, ки Эрон ба сиёсати худ дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ идома хоҳад дод ва омодаи ҳамкорӣ бо соири кишварҳои ҷаҳон аст.
Абдулло Абдулло раиси иҷроияи давлати ваҳдати миллии Афғонистон дар саҳифаи Твиттери худ бо маҳкум кардани ҳамлаи дишабаи Фаронса ба хонаводаҳо ва дӯстони қурбониён ибрози ҳамдардӣ карда, гуфтааст, ки барои беҳбуди оҷили захмишудагони ин ҳодиса дуо мекунад. Абдулло ҳамла ба мардумро таваҳҳуш ва барбарият хонда, гуфтааст, ки ин ҳамла нишон дод, ки терроризм мазҳаб, эътиқод ва қавмиятро намешиносад. Ниёз аст, ки иқдоми ҷаҳонӣ барои маҳви он анҷом шавад.
Ӯ гуфтааст, ки терроризм, бунёдгароӣ ва ифротгароӣ чолиш ва таҳдиди муштарак ҳастанд ва ниёз аст, ки ҳама алайҳи онон мубориза кунанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






